30-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Агар зарур шавад, дар ҳифзи Ватан-Модар ҷони худро низ дареғ намедорем

Февраль 21, 2023 14:17

ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мо ҳамчун сипари боэътимоди Ватан ба хотири ҳимояи суботу оромӣ ва таъмини амнияти давлату ҷомеа ҳамеша омодаем. Ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Ватан ба ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бонангу номуси тоҷик ва заҳмати бесобиқаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба даст омадааст. Имрӯз ҳимояи он ба уҳдаи мо вогузор шудааст, агар зарур шавад, дар ҳифзи Ватан-Модар ҷони худро низ дареғ намедорем. Чунин ибрози назар намуд сарбози қатории баталиони сулҳҷӯёнаи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дурандеш Исмоилов зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ӯ мегӯяд, ки «Ватан сарзамини аҷдодист ва ҳифзи он қарзи ҳар як зодаи он мебошад. Воқеан ҳам Ватан марзу бум, зодгоҳ ва маконест, ки сарнавишти ҳар яки мо бо он пайвасти ногусастанӣ дорад. Ман ба дарки ин гуфтаҳо замоне расидам, ки ба хизмат омадам. Дар қисми низомӣ мо, зодагони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо ҳамдигар дўсту бародар гашта, мисли аъзои як оилаи калон ҳастем ва дар ҳама гуна ҳолат ба якдигар дасти кумак дароз мекунем».

Агар бо назари аниқу дақиқ ба сӣ соли мавҷудияти Артиши миллӣ нигарем, мебинем, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд аз Тоҷикистони пароканда давлати воҳид созанд, бо ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ таҳкурсии истиқлоли давлатиро мустаҳкам намоянд.

Дурандеш Исмоилов илова кард, ки то ҷавонмард ин мактаби бузург- хизмати Модар — Ватанро нагузарад, ҳисси ватандӯстиро эҳсос намекунад ва ба қадри падару модар намерасад.

«Ба қадри Ватан дар ғарибӣ, ба қадри падару модар дар дурӣ, ба қадри дӯстон ҳангоми тангдастӣ мерасем. Ман ва аскарони ин қисми низомӣ бо сарбаландӣ ваъда медиҳем, ки хизмати ҳарбиро бо далерию ҳушёрӣ ва омодабошӣ баҳри ҳифзу ҳимояи ҳар порча замин ва ҳар зарра хоки Тоҷикистони азиз ба ҷо меорем. Ҳифзи Ватан ин ҳимояи волидай, наздикон ва ҳамдиёрон аст»-иброз медорад сарбоз.


Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 Вазорати мудофиа вазифадор карда шуд, ки корро бо захираҳои сафарбарии ҳайати эҳтиётӣ тақвият бахшида, омӯзонидани онҳоро аз рӯи ихтисосҳои қайди ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монанд ва ҷиҳати баланд бардоштани омодагии ҳарбии захираҳои сафарбарӣ, гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ, таълими саҳроӣ ва машқҳои низомӣ бо истифода аз тарзу усулҳои муосир аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Дар робита ба ин муовини командири баталиони сулҳҷӯёнаи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, майори хизматӣ Зиёвуддин Шарифзода изҳор медорад, ки дар ин самт тамоми тадбирҳо андешида шуда, пайваста баҳри баланд бардоштани омодагии ҳарбии захираҳои сафарбарӣ ҷамъомадҳои ҳарбӣ, машқҳои низомӣ доир карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки тӯли солҳои 1993-2020 дар муддати кӯтоҳи таърихӣ Артиши қобили ҳифзи Ватан ва миллат ба камол расонида шуд. Аз оғози таъсис то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо тавонист садоқати худро ба Ватан ва миллат, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит созад.

Мусаллам аст, ки бе мутахассисони баландихтисоси ҳарбӣ, машқдидаю соҳиби малакаи низомӣ ягон артиш муваффақ буда наметавонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҳарбӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, сафҳои онро бо хатмкунандагони академияҳои гуногун, афсарони дорои маълумоти олии ҳарбӣ, инчунин дастпарварони кафедраҳои ҳарбии мактабҳои олӣ такмил дод. Дар айни замон зиёда аз 600 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар мактабҳои олии ҳарбии Русия, Қазоқистон, Чин ва Ҳиндустон ба таҳсил идома дода истодаанд.


Аз давраи ба даст овардани истиқлоли давлатӣ то ба ин рӯз беш аз 5000 нафар ҷавонон муассисаҳои олии ҳарбии мамлакат ва беш аз 600 нафар академияҳои ҳарбиро хатм кардаанд. Ҳоло зиёда аз 90 дарсади афсароне, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд, хатмкардагони донишкадаву академияҳои ҳарбӣ, яъне мутахассисони соҳаи низомӣ мебошанд.

Сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва собиқадорони раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Абдурашид Ҳотамиён иброз дошт, ки Артиши мамлакат, ки худ зода ва ҳамқадами Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҳамчун сипари боэътимод дар давраи пуртазод, пур аз ҳодисаву рӯйдодҳои таърихӣ, ҷонбозиҳо баҳри якпорчагии мамлакат дар қаламрави Тоҷикистон бунёд гардидааст.

«Бунёдгузори Артиши миллӣ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб шуда, имрӯз Тоҷикистон воқеан артише дорад, ки давлати худро муаррифӣ, сарҳади худро ҳифз намуда, баҳри пойдории сулҳу субот ҳамеша омода аст. Мо, хизматчиёни ҳарбӣ бо сари баланд гуфта метавонем, ки имрӯз баҳри таъмини волоияти қонун, риояи ҳатмии он, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ, нишон додани интизоми хубу намунавӣ, содиқ будан ба Сарвари давлат ва ба савганди ҳарбӣ, хизмати Ватан-Модарро сарбаландона пеш мебарем. Ва агар зарур шавад, дар ин роҳи пуршараф ҷони худро низ дареғ нахоҳем дошт»,-изҳор дошт мавсуф.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 21, 2023 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
ЗЕБОИҲОИ НОТАКРОРИ ТАБИАТИ ДАРАИ СИЁМА. Он қалби иштирокдорони Конфронси чоруми сатҳи баланди оби Душанберо тасхир намуд
«Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030». Барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ бояд кард?
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб — заминаи густариши илми тиб, муаррифии шахсият ва осори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Дар ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» татбиқ мегардад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Ба беморони гирифтори камхунӣ истеъмоли гелос фоида дорад
ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБ, ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА «ЧАҲОРЧӮБИ ДУШАНБЕ» ДАР МАРҲАЛАИ НАВ. Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар Конфронси байналмилалии об
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Болот Молдобеков: «Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи оби тоза, ҳифзи пиряхҳо ва иқлим боиси таҳсин аст»