35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бахшида ба ин ҷашн дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 149 бинои баландошёна сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 15.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сохтмони 149 бинои баландошёна дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Билол Иброҳим ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои корҳои бунёдкорӣ бахшида ба ин ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои давраи солҳои 2022-2026 таъмири намои 176 бинову иншоот ва навсозии 87 нуқтаи партовпартоӣ, сохтмон ва навсозии 12 км роҳҳои мошингард пешбинӣ гардидааст. Муҳлати оғозу анҷоми сохта, ба истифода додани онҳо бо соҳибкорон мувофиқа карда шудааст.
Зимни нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузоришаванда барои сохтмони асосӣ 994,3 миллион сомонӣ маблағ сарф шуда, то ин муддат 632,3 миллион сомонӣ ба фондҳои асосӣ барои истифода дода шудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






