«Амонатбонк» ба муштариён беш аз 10 миллион сомонӣ қарзҳои ипотекӣ пешниҳод намудааст

Февраль 7, 2023 09:50

ДУШАНБЕ, 07.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Амонатбонк» аз пешниҳоди беш аз 10 миллион сомонӣ қарзҳои ипотекӣ ба аҳолии мамлакат дар соли 2022 хабар медиҳад.

6 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» гуфта шуд, ки қарзҳои ипотекӣ ба 51 нафар муштариён бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ барои сохтмон ва васеъ намудани манзили истиқоматӣ, инчунин имконият барои харидории манзилҳои истиқоматӣ пешниҳод гардидаанд. Пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ дар марҳилаи кунунӣ аз ҷониби «Амонатбонк» ба муштариён дар доираи аз 18 то 24 фоизи солона бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ аз 4,5 то 10 фоизи солона муайян гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 масъалаи аз ҷониби бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ ба аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор додани қарзҳои дастрас таъкид карда шуд. Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати молия, «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк» вазифадор карда шуданд, ки барои ҳавасманд гардонидани пасандозгузорон, паст намудани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт равонашуда ва бо фоизи дастрас афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2023 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд