БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Суғд бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст

Февраль 4, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 04.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 24 миллиарду 186 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2021 бо нархҳои муқоисавӣ 3 миллиарду 676 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 118,0 фоизро ташкил медиҳад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилооъ дод.

Ба гуфти раиси вилоят дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардидааст. Аз ҷумла, дар соли 2022 ба миқдори 1 миллиону 295 ҳазор тонна семент ва 1 миллиону 890 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шудааст. Ҳамзамон, дар ин давра бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 2 ҳазору 535 тонна калоба ва 7 миллиону 824 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудааст.

Иттилооъ дода шуд, ки истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар соли 2022 ба миқдори 5 ҳазору  11 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст, ки баробари 122,7 фоизи нишондиҳандаи соли 2021 мебошад. Ба миқдори 52 ҳазору 731 тонна нону маҳсулоти нонӣ ва 4 ҳазору  965 тонна маҳсулоти макаронӣ низ истеҳсол карда шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маводи асосии сохтмонӣ ва дигар маҳсулоти зарурӣ, аз қабили қубурҳои металлӣ бо суръати  афзоиши 134,0 фоиз, бетони сохтмонӣ 125,6 фоиз, зарфҳои шишагин 109,6 фоиз, қубурҳои асбестӣ 110 фоиз, қубурҳои пластикӣ 115,1 фоиз, профилҳои пластикӣ 157,2 фоиз, халтаҳои полипропиленӣ барои бандубасти маҳсулоти корхонаҳо 126,3 фоиз, қолаби зарфи пластикӣ 164,5 фоиз ва бозичаҳои кӯдакона 131,7 фоиз нисбат ба соли 2021 таъмин карда шудааст.

Таъкид гардид, ки дар соли 2022 корбарӣ дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои дўзандагӣ ва истеҳсоли пойафзол идома ёфта,  16 корхонаю коргоҳи нави дўзандагӣ, бо 323 ҷойи нави корӣ, 3 корхонаю коргоҳи истеҳсоли пойафзол, бо 46 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Дар корхонаҳои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маблағи 289,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли пешин ба маблағи 37,9 миллион сомонӣ зиёд аст.

Барои дар соли таҳсили 2022-2023 бо либоси мактабӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дўхтани либоси мактабӣ тақвият ёфта, дар ин давра 969 ҳазору 490 дона либоси мактабӣ дўхта, суръати афзоиш нисбат ба соли қаблӣ 110,9 фоиз таъмин гардидааст.

Дар вилоят фаъолияти 10 корхонаю коргоҳи пойафзолдӯзӣ ба роҳ монда, дар соли гузашта истеҳсоли пойафзол ба 372,5 ҳазор ҷуфт расонида шуд, ки нисбат ба соли 2021 — 55,6 ҳазор ҷуфт ё 17,6 фоиз зиёд аст.

Дар нишасти матбуотӣ изҳор гардид, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ, бо бештар аз 14 ҳазор ҷойи нави корӣ, ба нақша гирифта шудааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки давоми  соли 2022 дар вилоят 151 корхонаву коргоҳи нав, бо 2 ҳазору 820 ҷойи нави корӣ, ба фаъолият шурўъ намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 4, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳои нав ба истифода дода шуданд
Нахустин гурӯҳи роҳбаладони «Shohin Airlines» барои гузаштани омӯзиши касбӣ ба Turkish Aviation Academy фиристода шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик дар доираи ҷаҳони бисёрқутба ҳамоиш доир мешавад
Дар Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конфронси байналмилалӣ доир шуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ қариб 11 маротиба бештар шуд
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 99,2 фоизи соҳибкорони инфиродӣ дар Ҳисор ба таври электронӣ ҳисобот пешниҳод намуданд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Тоҷикистон ва Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ба маблағи 200 миллион доллар созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд
«Тоҷиктелеком» ба платформаи ҷаҳонии мубодилаи трафики интернетии «DE-CIX» пайваст шуд
Бо дастури Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида дар Кӯлоб хонаи нави истиқоматӣ тақдим гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Суғд 767 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шудааст
Дар Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахта муайян карда шуд