БАЪД АЗ ТАНАФФУСИ СЕСОЛА. «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе барқарор менамояд
ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 8 феврали соли равон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе баъд аз танаффуси сесола барқарор менамояд. Дар ин хусус Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «СомонЭйр» Абдулқосим Валиев имрӯз дар ҷамъи хабарнигорони дохилию хориҷӣ дар Душанбе иброз намуд.
Мавсуф дар нишасти хабарӣ гуфт, ки парвозҳо аз пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Урумчии Вилояти Мухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳафтае як маротиба ба роҳ монда мешаванд. Баъдан шурӯъ аз моҳи марти соли равон дар як ҳафта ду маротиба парвозҳо дар масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе сурат мегиранд.
Бояд тазаккур дод, ки парвозҳо байни Душанбе ва Урумчӣ аз моҳи марти соли 2020 бар асари паҳн гардидани бемории ҳамагири СOVID-19 ва эълон гардидани пандемия дар ҷаҳон аз сӯи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ қатъ гардида буданд.
Ҳамзамон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Сомон Эйр» дар соли сипаригардида Абдулқосим Валиев гуфт, ки «соли 2022 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо мақсади мукаммал намудани парки ҳавопаймоии ширкат ва рушди инфрасохтори соҳаи авиатсияи мамлакат ду адад ҳавопаймои тамғаи «Боинг 737-800»-ро тариқи лизинги амалиётӣ аз яке аз бонуфузтарин ширкатҳои хориҷӣ — Aviation Capital Group /ACG/ харидорӣ намуд. Дар натиҷа теъдоди ҳавопаймоҳои ширкат зиёд шуда, ба афзоиши шумораи парвозҳо ва иҷрои саривақтии парвозҳои таъйинотӣ мусоидат намуд. Ин ду ҳавопаймо ба номи қаҳрамонони Тоҷикистон — Мирзо Турсунзода ва Нусратулло Махсум гузошта шудаанд».
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз АМИТ «Ховар»









Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






