БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Соли гузашта дар Хоруғ 11 корхонаву коргоҳи саноатӣ ба истифода дода шудааст

Февраль 26, 2023 12:04

ДУШАНБЕ, 26.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар шаҳри Хоруғ 11 корхона ва коргоҳи саноатӣ ба истифода дода шудааст. Шумораи  корхонаҳои саноатӣ дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳолати имрӯз  ба 35 адад мерасад. Дар ин хусус 24 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода маълумот дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Корхонаи истеҳсолии симтӯри ҶДММ «Симин сохтмон», корхонаи коркарди дорувории ҶДММ «Маркази хизматрасонии тибби Панасея», коргоҳи истеҳсоли мебели ҶДММ «Осия», корхонаи коркарди қуму шағали ҶДММ «Фарид-Хоруғ», коргоҳҳои истеҳсоли мебели ҶДММ «Дерзуд», ҶДММ «Ҷафсӣ», ҶДММ «Одина», ҶДММ «Дастони тиллоӣ», корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии ҶДММ «Ниссои Помир», коргоҳи «Дунёи ҳунар» ва ҶДММ «Сифатнок» аз ҷумлаи коргоҳу корхонаҳои нав  мебошанд.

Имсол дар шаҳр 12 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода мешавад.

Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръат моҳи августи соли 2022 дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории  «Помиринвест-2022» баргузор гардид, ки дар он 15 нафар сармоягузорони хориҷӣ иштирок намуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 26, 2023 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад