Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вобаста ба баргузор намудани чор озмуни ҷумҳуриявӣ ҳамоиш доир карда шуд

Февраль 4, 2023 11:40

КӮЛОБ, 04.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 феврал дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявии олимон, устодон ва донишҷӯён таҳти унвони «Амрҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» дар партави омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» баргузор карда шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Ректори донишгоҳ Дилшод Раҳмон таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва ватан мебошад, инчунин амрҳои Сарвари давлатро бобати баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар соли 2023 барои аҳли илму маориф, омӯзгорону муҳаққиқон, масъулину муҳассилини муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла коллективи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дастури раҳнамо арзёбӣ намуд.

Мояи хушҳолист, ки 4 нафар шогирдони донишгоҳ соли 2022 дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз аҳли ҳузур, масъулин, роҳбарон ва донишҷӯёни шомил ба дастаҳои олимпӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар соли 2023 тадбирҳои омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳоро боз ҳам ҷоннок ва дастоварду натиҷаҳо, нуфузу эътибори донишгоҳро бештар намоянд.

Дар ҳамоиш омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавзӯъҳои «Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» — эҳёгари чеҳраҳои нав», «Озмуни «Илм фурӯғи маърифат» – қадамҳо дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат», «Роҳандозии озмуни «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» – василаи навбатии тарбияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳии ҷавонон» маъруза намуданд.

Тавре аз маърузаҳо бармеояд, яке аз тағйироту навгонӣ ва имтиёзи вижа дар низомномаҳои озмунҳо ин аст, ки иштирокчиёни даври чоруми озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» (аз ҳисоби хонандагони синфи 11) метавонанд барои таҳсил дар гурӯҳҳои ройгони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯйи ихтисосҳои омӯзгорӣ, фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ бидуни озмун қабул карда шаванд.

Ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» низ чунин имтиёзи бесобиқа пешбинӣ шудааст. Соҳибони ҷойҳои ифтихорӣ, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун, дар баробари мукофоти калони пулӣ ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг бидуни супоридани имтиҳон ба таври ройгон қабул карда мешаванд.

Дар фарҷоми ҳамоиш донишҷӯёне, ки дар даври ҷумҳуривии озмунҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намуда буданд, бо «Сипоснома»-и Раёсати донишгоҳ ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Февраль 4, 2023 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд