Дар Душанбе дурнамои ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 04.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 феврал дар Душанбе Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Вазири рушди иқтисодии Федератсияи Русия Максим Решетников густариши ҳамкории иқтисодии дуҷонибаро баррасӣ карданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.
Таъкид карда шуд, ки Русия калонтарин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, тайи даҳ соли охир дар сохтори гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ дар ҷойи аввал қарор дорад.
Дар натиҷа дар соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ байни давлатҳо зиёда аз 1,6 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 321 миллион доллар ё 23,7 фоиз афзоиш ёфтааст.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби сармоя аз Федератсияи Русия, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии ҳаматарафа ба сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия ва Форуми сармоягузории сатҳи баланди Тоҷикистон ва Русия, таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ, аз ҷумла баргузории Конфронси 9-ум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
Илова бар ин, ҷонибҳо дар бораи ҷараёни иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мубодилаи маълумот намуданд.
Инчунин ҷонибҳо омодагии худро барои андешидани тадбирҳо ҷиҳати афзоиш ва диверсификатсияи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба ҷониби Русия изҳор намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид






