Дар Душанбе масъалаҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қазоқистон баррасӣ карда шуданд

Февраль 10, 2023 19:04

ДУШАНБЕ, 10.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 феврал дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо намояндагони ҳокимияти вилояти Акмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содирот хабар доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкорӣ дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ байни ҷонибҳо мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҳамчунин дар вохӯрӣ имконоти содироти маҳсулоти ватанӣ, самтҳои асосии фаъолияти Агентии содирот, аз ҷумла мусоидат ба рушди босуботи миқдор ва сифати содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи мамлакат, баланд бардоштани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ ва ҷалби харидорони хориҷӣ муаррифӣ карда шуданд.

Ҷониби ҳайати вилояти Акмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати тақвият додани ҳамкорӣ дар самти имконияти содироти молу маҳсулоти кишоварзӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро иброз намуда, пешниҳод намуд, ки омодаанд барои бастани созишномаҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд.

Инчунин 8-9 феврал дар идомаи сафар намояндагони ҳокимияти вилояти Акмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо имконоти истеҳсолии хоҷагиҳо, анборхонаҳо, сардхонаҳо ва маҳсулоти кишоварзии ба содиротнигаронидашуда дар вилояти Хатлон, аз ҷумла дар ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ ва минтақаи Ҳисор шинос шуданд.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 10, 2023 19:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд