Дар Кӯлоб ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон машварати корӣ доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, тақвияти ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандӯстӣ ва омодагии сазовор ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо фаъолони шаҳр машварати корӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Масъулин вазифадор гардиданд, ки нақшаи корӣ тартиб дода, тибқи он ҳамарӯза дар байни аҳолӣ кор баранд. Аз ҷумла то 20 март рӯйхати даъватшавандагонро тартиб дода, бо волидайни онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ монанд. Бояд ҳар яки онҳо дарк кунанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи фарзандӣ дар назди Ватан-Модар мебошад.
Ҳамчунин аз масъулини соҳаи кишоварзӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар қитъа замин бояд кишт ва самаранокии истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин карда шавад. “Сари вақт анҷом додани кишту кори баҳорӣ- ин кафолати таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад ва пайваста таҳти назорати роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад”, -таъкид гардид зимни машварати корӣ.
Дар машварат баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои нақша чорабиниҳои мақомоти шаҳр бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ масъулини соҳаҳои дахлдор вазифадор карда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд






