Дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» деворҳои куҳандиз эҳё мегарданд

Февраль 6, 2023 11:16

ДУШАНБЕ, 06.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси лоиҳа дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»  эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт бомаром идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ҳоло беш аз 10 ширкати сохтмонӣ бо фарогирии зиёда аз 150 нафар сохтмончӣ дар бунёди ин иншооти таърихию фарҳангӣ фаъолият менамоянд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик шумораи коргарон то ба 300 нафар расонида шавад.

Дар корҳои навсозии ин иншооти қадимӣ гурӯҳи лоиҳакашон ва мутахассисони идораҳо, олимону бостоншиносон, меъморону наққошон, сохтмончиён ва ҳунармандони халқӣ, кулолгарон, рассомону кандакорон ҷалб гардида, дар ҳудуди қалъа сохтмони иншооти ёрирасон идома дорад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои навсозӣ  дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки  Қалъаи Хуҷанд таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  он навсозӣ карда  мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 6, 2023 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад