Дар Норак даври шаҳрии озмуни вилоятии «Суруди Алла» баргузор шуд

Февраль 5, 2023 16:38

ДУШАНБЕ, 05.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 феврал дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак даври шаҳрии озмуни вилоятии «Суруди Алла» таҳти унвони «Алла-ифшогари орзуҳои Модар» баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак.

Озмуни «Суруди Алла» бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақил гузаронида шуда, дар он занону бонувон,  кормандони Осорхона, Китобхона, Қасри фарҳанг ва Мактаби бачагонаи санъати шаҳри Норак иштирок намуданд. Ба ҳунарнамоии иштирокдорон аъзои Комиссияи  даври шаҳрии озмун баҳо гузошт.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Февраль 5, 2023 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд