Дар Остона мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид

Февраль 27, 2023 17:42

ДУШАНБЕ, 27.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 феврал дар Остона мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мухтор Тлеуберди баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо ячанд масъаларо оид ба омодагӣ ба мулоқотҳои сатҳи олӣ, ки соли 2023 ба нақша гирифта шудаанд, муҳокима намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 27, 2023 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо имкониятҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва илмии музофоти федеролии Саарланди Олмон шинос шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ гардид
Вазири корҳои хориҷии Кипр Константинос Комбос дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи СММ оид ба пешгирии ҷиноят ва адлияи ҷиноӣ дар Женева иштирок дорад
Дар Москва машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор шуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО бахшида ба Эъломияи Куруши Кабир конфронси илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Нидерланд доир гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ баррасӣ гардид
Фаррух Ҳамрализода бо сафири Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нико Схермерс мулоқот намуд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти «Маркази тиҷоратии ҷаҳонӣ»-и иёлати Ютаҳи ИМА вохӯрӣ намуд