Дар Рӯзи ҳадяи китоб дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҳафтаи забони русӣ оғоз ёфт

Февраль 14, 2023 13:12

ДУШАНБЕ, 14.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Дар доираи Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб, ки имрӯз, 14 феврал бо ибтикори шуъбаи кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Ҳафтаи забони русӣ оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллӣ хабар медиҳад.

Муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода иброз дошт, ки барои роҳандозии Ҳафтаи забони русӣ шогирдони муваффақи мактабҳо интихоб карда шуданд.

Дар маҳфили мазкур хонандагони литсейи «Роҳнамо» доир ба расму оини ва анъанаҳои мардуми рус маълумоти муфиду муфассал доданд.

Дар Ҳафтаи забони русӣ аз зиндагиву эҷоди шоири рус Сергей Пушкин суҳбатҳо намуда, аз ашъори ин адиби маъруф шеърҳои зебову пурмазмун қироат менамоянд.

Бояд гуфт, ки Китобхонаи миллӣ ҳар сол маҳфилҳои Ҳафтаи забони русӣ ва Рӯзи ҳадяи китобро бо шукӯҳи хосса ва туҳфаи китобҳо ба алоқамандон ҷашн мегирад.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2023 дар давлатҳои Иттиҳод Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эълон гардидааст.

Дар ҷаҳон 250 миллион нафар бо забони русӣ ҳарф мезананд. Забони русӣ яке аз 6 забони расмии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2022 дар маросими ифтитоҳи панҷ мактаби миёна бо забони русӣ дар Тоҷикистон чунин иброз доштанд: «Тавре маълум аст, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони русӣ мақоми забони муоширати байни миллатҳо дода шудааст. Ду сол қабл дар доираи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасмим гирифта шуда буд, ки соли 2023 Соли забони русӣ эълон гардад. Дар ин замина, мо ба мувофиқа расидем, ки барои дастгирӣ ва инкишофи забони русӣ дар давлатҳои Иттиҳод, аз ҷумла дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд».

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Февраль 14, 2023 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид