Дар Суғд 39 нафар ғолиби Озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2022» гардид

Февраль 3, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 03.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд Озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2022» ҷамъбаст гардида, дар он 39 нафар кормандони воситаҳои ахбори омма ғолиб омаданд. Имрӯз дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии ғолибони озмуни мазкур баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо мақсади ҳавасмандгардонии намояндагони воситаҳои ахбори омма, инъикоси саривақтии дастовардҳои назарраси соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона, проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб байни рўзноманигорон барои беҳтарин маводи журналистӣ озмун эълон намуда буд.

Ба Комиссияи озмун 60 нафар журналистон дар номинатсияҳои «Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ», «Муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (тавассути лавҳаҳои телевизионӣ ва интернетроликҳо)» маводҳои худро барои баррасӣ пешниҳод намуданд, ки 39 нафарашон ғолиб дониста шуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ғолибони озмунро табрик гуфта, ба 39 нафар журналистон ба миқдори аз 1500 сомонӣ то 6000 сомонӣ мукофотпулиҳоро супорид.

 

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 3, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд