Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо 65 корхонаи саноатӣ ҳамкорӣ дорад
ДУШАНБЕ, 14.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар айни замон бо 65 корхонаи саноатӣ ҳамкорӣ дошта, аз ҷониби шаш корхонаи саноатӣ аллакай барои бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагон дархост ирсол гардидааст. Дар ин хусус 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ иттилоъ дод.
Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба дастовардҳои донишкада дар як соли охир, имконияти мавҷуда ва шароити таълим, таҷрибаомӯзӣ, ҷалби хатмкардагон ба корхонаҳои саноатӣ, мубодилаи таҷрибаи кормандону омӯзгорон бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сифати таҳсил, беҳтар гардонидани имконоти озмоишгоҳҳои таълимӣ сухан гуфт. Иброз дошта шуд, ки «айни замон дар донишкада 13 озмоишгоҳӣ таълимӣ, 4 озмоишгоҳи таҳқиқотӣ дар сатҳи байналмилалӣ, 11 филиали кафедраҳо дар назди корхонаҳои саноатӣ барои беҳтар гардидани сифати таҳсил ва пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ роҳандозӣ карда шудаанд. Хатмкардагони донишкада пурра бо рохҳат ба ҷойи кор таъмин карда шуданд».
Дар нишаст гуфта шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорон дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 467 маротиба дарсҳои кушод гузаронида шуданд. Ҳамчунин дар донишкада 39 конференсия, 47 машварати илмӣ-амалӣ, 22 вебинар бо иштироки олимон аз муассисаҳои байналмилалӣ гузаронида шуд. Ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии қонуншиканӣ ва амалҳои номатлуб дар соли ҳисоботӣ 49 машварату чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






