Гурӯҳи намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони Суғд ба вилояти Нижегороди Русия сафар намуд

Февраль 9, 2023 12:02

ДУШАНБЕ, 09.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёт роҳбарият, намояндагони мақомоти давлатӣ ва гурӯҳи​ соҳибкорони вилояти Суғд ба вилояти Нижегороди Федератсияи Русия сафар намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ҳадаф аз ин сафар густариши робитаҳои иқтисодӣ, шиносоӣ бо вазъи иқтисодӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят ва ташкили корхонаҳои нави саноатӣ буда, дар назар аст, ки дар доираи сафар мулоқоту музокироти дуҷониба сурат гирад.

Дар доираи сафар аъзои гурӯҳ аз корхонаҳои саноатии​ «Борская войлочная фабрика», «Борский стекольный завод» ва корхонаи истеҳсоли плита ва блок барои сохтмон боздид карда, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ гуфтушунид анҷом доданд.

Намояндагони вилояти Суғд бо тарзи коркарди пашм ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он, истеҳсоли шиша барои мошин ва биноҳо, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ дар вилояти Нижегород шинос гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 9, 2023 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд