Имрӯз «Амонатбонк», Хадамоти иҷро, Маркази миллии тестӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Февраль 6, 2023 08:18

ДУШАНБЕ, 06.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» соати 09:00 дар ин бонк доир карда мешавад.

Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотиро соати 10:30 дар Иттифоқи «Тоҷикматлубот» баргузор менамояд.

Нишасти матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 13:00  дар маркази мазкур барпо мегардад.

Нишасти матбуотии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 14:00 дар Хадамоти иҷро баргузор мешавад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Февраль 6, 2023 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад