Кумитаи ҳифзи муҳити зист доир ба омӯзиши муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор намуд
ДУШАНБЕ, 05.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 феврал дар Агентии обуҳавошиносӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиш баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода изҳор дошт, ки имрӯзҳо доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохторҳои он мулоқоту суҳбатҳо сурат гирифта истодаанд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун мамлакати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шуда, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва санаи 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буданд, якдилона қатънома қабул намуд. Вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.
Гуфта шуд, ки ҳар нуктаи Паёми Президенти Тоҷикистон ба таҳким бахшидани соҳаҳои гуногун ва беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии мамлакат равона гардидааст. Зеро Паём- ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ маҳсуб шуда, дар он тамоми фаъолияти давлатии ҷумҳуриамон таҳлилу ҷамъбаст гардида, вазифаҳо барои рушди минбаъдаи Ватанамон муайян мешаванд. Танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат моро ба ҳадафҳои олиамон наздик менамоянд.


Дар фарҷом барои мусоидат ва ҳамкорӣ дар баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва маърифати экологӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Сипосномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои рушди ҳаракати иттифоқҳои касаба бо медали сарисинагӣ ва Ифтихорномаи фахрии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Инчунин як зумра кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии экологӣ бо сипосномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






