Намояндаи USAID ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва об баҳои баланд дод
ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таҳкими ҳамкории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба рушди байналмилалӣ ((USAID) доир ба татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон (NDC) ва гуногунии биологӣ зимни мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ бо муовини маъмур оид ба сиёсат ва барномасозии USAID баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ додааст.
Мусоҳибон ба ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли гузашта қабул гардид, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Намояндаи USAID аҳаммият ва саривақтӣ будани ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистонро дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва об баланд арзёбӣ намуд. Ҳамчунин дар бораи ташаббуси ҷаҳонии Америка ва Иттиҳоди Аврупо – Уҳдадориҳои глобалии метан гуфт, ки давлатҳои аъзо тасмим гирифтаанд, ки то соли 2030 партоби метанро то 30 фоиз коҳиш диҳанд.
Дар анҷом мусоҳибон ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Америка дар заминаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист тақвият дода шавад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






