НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро дар 28 китобхонаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Лахш китобҳои бачагона ва бадеии тозанашр ниҳоят каманд?

Февраль 6, 2023 09:44

ЛАХШ, 06.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Лахш зимни нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД ҷиҳати дар 28 китобхонаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Лахш ниҳоят кам будани китобҳои бачагона ва китобҳои бадеии тозанашр муовини Раиси ноҳияи Лахш Насиба Ғафурзода ва мудири бахши фарҳанги ноҳия Баргигул Аббосова посух доданд, ки «мо ин камбудиро тасдиқ мекунем, чунки охирин маротиба соли 2019 аз ҳисоби буҷет китоб харида будем».

Мутаассифона, яке аз сабабҳои дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷойҳои намоёнро ишғол накардани наврасону ҷавонони ноҳияи Лахш — ин набудани китобҳои тозанашр вобаста ба номинатсияҳои озмуни мазкур мебошад.

Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки картошкапарварони ноҳияи Лахш соли 2022 дар майдони умумии 5325 гектар картошка кишт намудаанд. Аз ин 3189 гектар ба заминҳои сохтори кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ, 1027 гектар ба заминҳои президентӣ ва боқимонда он ба заминҳои наздиҳавлигӣ рост меояд. Хушбахтона, дар натиҷаи саъю талош ва меҳнати шабонарӯзии деҳқонон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 90 ҳазору 28 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шуд.

То имрӯз ба шаҳру навоҳии мамлакат зиёда аз 60 ҳазору 115 тонна картошкаи хушсифат содирот намуда, 14 ҳазор тонна  картошкаи тухмӣ захира карда шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2023 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад