НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод соли гузашта 51 лоиҳа мавриди амал қарор гирифт
ТОҶИКОБОД, 07.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод 83 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодаанд, ки аз ин шумора 52 лоиҳа ба маблағи 25 миллиону 898 ҳазор сомонӣ пурра амалӣ гардид. Дар доираи 32 лоиҳаи дигар корҳо ҷараён доранд. Ҳамчунин баҳри амалишавии Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод то соли 2025 196 лоиҳа ба нақша гирифта шуда буд, ки соли сузашат 51 лоиҳа амалӣ гардид. Дар айни замон 32 лоиҳа мавриди амал қарор дошта, дар доираи 9 лоиҳаи дигар корҳои омӯзишӣ ҷараён доранд. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Зимни нишасти матбуотӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар ноҳияи Тоҷикобод дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 6071 гектар зироати кишоварзӣ кишт карда шуд. Аз ин миқдор дар 2017 гектар картошка кишт карда шудааст.
Кишоварзони ноҳия соли гузашта 28 ҳазору 932 тонна картошка истеҳсол намуданд. То имрӯз онҳо ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 15,8 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намудаанд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд






