НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2022 иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 50 фоиз афзуд

Февраль 2, 2023 18:26

ДУШАНБЕ, 02.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 50 фоиз зиёд гардид, иброз намуд Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ, 6747 нафар хонандагони синфҳои аз 3 то 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ имконияти дар 37 олимпиадаи умумиҷаҳонӣ ва байналмилалӣ тариқи мустақим ва фосилавӣ иштирок намуданро пайдо карданд, ки нисбат ба соли 2021 5693 (84,4%) нафар зиёд мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои Истиқлоли давлатӣ ба масъалаи мактабу маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсил аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Дастовардҳои мазкур низ маҳз аз сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхорияшон нисбат ба ин соҳа сарчашма мегиранд. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид карда шуд, «..мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем».

Ба таъкиди Сарвари давлат, мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдом дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.

Ҳамин аст, ки сол аз сол иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ зиёд мегардад.

«Натиҷаи иштирок ва дастовардҳои хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои фаннии умумиҷаҳонӣ, байналмилалӣ ва фосилавӣ 1805 ҷойи ифтихорӣ (296 медали тилло, 662 медали нуқра ва 847 медали биринҷӣ)-ро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба соли 2021, 1158 ҷойи ифтихорӣ (217 медали тилло, 472 медали нуқра ва 473 медали биринҷӣ) зиёд аст», -гуфт Вазири маориф ва илм.

Зимни нишасти матбуотӣ таъкид карда шуд, ки дар ин дастовардҳои назаррас саҳми хонандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Суғд бо дарёфти 1007 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла, 211 медали тилло, 411 медали нуқра ва 385 медали биринҷӣ ва шаҳри Душанбе бо дарёфти 620 ҷойи ифтихорӣ- 77 медали тилло, 201 медали нуқра ва 342 медали биринҷӣ нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ назаррас мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки иштироки хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои умумиҷаҳонӣ ва байналмилалӣ дар 5 соли охир зиёд гардида, нисбат ба солҳои пешин боло меравад. Агар дастовардҳои хонандагони мамлакат дар олимпиадаҳои умумиҷаҳонӣ ва байналмилалӣ соли 2018 179 ҷойро ташкил медод, пас ин шумора дар соли 2022 ба 1805 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла, 319 ҷойи ифтихории ҳузурӣ ва 1486 ҷойи ифтихории фосилавӣ баробар шуд, ки 1626 ҷой зиёд мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2023 18:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд