Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» дидан кард

Февраль 9, 2023 10:01

ДУШАНБЕ, 09.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 7 феврал ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Мансур Мухтор дар ҳамроҳӣ  бо  Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кишварии Гурӯҳи Бонки исломии рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуданд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» дар Вазорат рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Бояд гуфт, ки қаблан аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби маблағҳои Бонки исломии рушд ба сохтмони НБО «Роғун» дархост равон гардида буд, ки аз ҷониби бонки мазкур дастгирӣ ёфт.

Дар натиҷа Бонки исломии рушд омодагии худро барои маблағгузории соҳаҳои иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 250 миллион доллар иброз намуд.

Ёдовар мешавем, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории мутақобилан судманд бо Бонки исломии рушд сол то сол рушд карда, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 9, 2023 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид