Раёсати кишоварзии ноҳияи Мурғоб имсол ба соҳаҳои қутоспарварӣ, моҳидорию боғпарварӣ афзалият медиҳад
ХОРУҒ, 07.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сардори Раёсати кишварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Гулзорхон Шакаршоев зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигорон доир ба дурнамои рушди парвариши қутос дар вилоят ва ба ин васила боз ҳам коҳиш додани нархи гӯшт дар бозор изҳор дошт, ки “воқеан, қутоспарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ ба шумор меравад. Барои афзоиши саршумори ин намуди чорво ба ҷуз ноҳияи Мурғоб дар хоҷагиҳои чорвопарварии ноҳияҳои Роштқалъаву Дарвоз низ имконияти мусоид мавҷуд аст. Бахусус иқлим ва чарогоҳҳои баландкӯҳи Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз барои парвариши қутос хеле мувофиқанд. Мо соли равон ният дорем, ки дар назди хоҷагиҳои деҳқонӣ фермаҳои қутоспарварӣ ба роҳ монем”.
Сардори Раёсати кишоварзии вилоят ҳамчунин роҷеъ ба тараққӣ додани соҳаи боғдорӣ изҳор дошт, ки “ҳарчанд қитъаи замини ҳамвору корам дар ноҳияҳои вилоят кам аст, аммо таҷрибаи солҳои қаблӣ нишон медиҳад, ки боғҳои дар кӯҳдоманҳо бунёд гардида низ самари хуб медиҳанд. Аз ҷумла, боғҳои интенсивӣ дар кӯҳдоманҳои ноҳияи Ванҷ намунаи беҳтарини рушди ин соҳа мебошанд. Мо тасмим гирифтем, ки соли равон бо иштироки мутахассисони бахши вилоятии Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боғдорони пешқадаму соҳибтаҷриба дар ин ноҳия машварати илмию амалӣ баргузор намоем. Имсол бо кумаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамаи ноҳияҳо якгектарӣ боғ бунёд ва бо дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ таъмин карда мешаванд. Амалӣ намудани ин барномаи Раёсати кишоварзиро Раиси вилоят Алишер Мирзонабот дастгирӣ мекунад”.
Зимни нишасти матбуотӣ баён гардид, ки яке аз дигар соҳаи камхарҷ ва сердаромад- ин моҳидорӣ аст, ки ҳанӯз ба таври бояду шояд рушд накарда ва бозорҳои шаҳру ноҳияҳо ба таври кофӣ бо гӯшти моҳӣ таъмин карда намешаванд.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар саргаҳи оби Осиёи Марказӣ қарор дошта, дар баробари кӯлҳои зиёди табиӣ дар ноҳияи Мурғоб ҳамчунин ҳар деҳа дорои рӯдхонаҳои кӯҳӣ мебошад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ имкон доранд дар атрофи ин рӯдхонаҳо ҳавзҳои хурди моҳипарварӣ бунёд кунанд.
Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи муштараки рушди соҳаи моҳипарвариро амалӣ намуда истодаанд. Соли гузашта бо ҳамин усул дар ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа ду ҳавзи моҳипарварӣ бунёд гардида, зиёда аз 6 ҳазор моҳичаҳо ба ин ҳавзҳо сар дода шуданд.
Соли равон бо кумаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи Фурудгоҳ дар канори дарёи Панҷ боз як ҳавзи моҳипарварӣ сохта мешавад. Баъди бунёди ин ҳавз сокинони шаҳр на танҳо бо гӯшти тозаи моҳӣ таъмин мешаванд, балки ба моҳии зинда низ дастрасӣ пайдо мекунанд. Зеро масофа байни ин ҳавз ва бозори марказии шаҳр ҳамагӣ ду километр аст.
Файз МИРАСАН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд






