САФЕДДАРА. Дар ин мавзеи сайёҳии ноҳияи Варзоб ҳамоиш баргузор шуд

Февраль 20, 2023 14:07

ДУШАНБЕ, 20.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақвияти рушди сайёҳии дохилӣ ва дар ин замина муаррифии ҳарчӣ бештари иқтидори сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат дар мавзеи сайёҳии Сафеддараи ноҳияи Варзоб дар мавзӯи «Рушди имконоти сайёҳии Тоҷикистон» барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳамоиш баргузор намуд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии зарфияти сайёҳии мамлакат ва дар самти афзун гардонидани шумули маконҳои сайёҳӣ, инчунин ба вуҷуд овардани имконоти зарурӣ ҷиҳати қабули сайёҳони дохиливу хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Барои рушди сайёҳӣ зарур аст, ки ҳама ҷонибҳои манфиатдор дар он саҳм бигиранд. Дар Тоҷикистон имконоти сайёҳӣ ниҳоят фароханд ва бояд тарғибу ташвиқи онҳо ба таври дуруст ва ҷалбкунанда ба роҳ монда шавад. Танҳо дар ҳамин ҳолат сайёҳиро дар Тоҷикистон ба сатҳи баланд баровардан мумкин аст. Аз ҳамаи иштирокчиёни ҳамоиш даъват ба амал оварда шуд, ки дар дохили Тоҷикистон саёҳат кунанд ва ба ин васила симои сайёҳии ҷумҳуриро баланд бардоранд.

Тазаккур дода шуд, ки сайёҳии дохилӣ дар тамоми дунё самти муҳими рушди соҳа арзёбӣ гардида, имрӯзҳо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар заминаи сиёсати бунёдкорона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкории зич бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусию иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои муаррифии имконоти сайёҳии мамлакат, баланд бардоштани саҳми соҳа дар рушди иқтисоди миллӣ тамоми неру ва захираҳоро истифода намуда истодааст.


Сайёҳии дохилӣ барои огоҳии комил пайдо кардани сокинон доир ба имконоти гардишгарии мамлакат, шиносоӣ бо ҳаёт ва фаъолияти мардуми минтақаи дигар, фарҳангу тамаддуни қадимӣ ва дар ин замина ба рушду тавсеаи сайёҳии воридотӣ таъсири назаррас мерасонад. Муҳим аз ҳама, шиносоӣ бо мавзеъҳои нодир ва беназири сайёҳии мамлакат ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандориро боло бурда, ваҳдати миллиро боз ҳам устувор мегардонад.

Пас аз интиҳои ҳамоиш иштирокчиён ба саёҳат баромада, аз имконияти хизматрасонии Маҷмааи сайёҳии Сафеддара дидан намуданд.

Дар маҷмааи Сафеддара инфрасохтори муосир, хизматрасонӣ ва шароити муносибу ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Феълан ин мавзеи нодири табиӣ мавриди таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат қарор гирифтааст.


Толорҳои гуногунҳаҷми конфронсӣ имкон медиҳанд, ки вохӯриву тренингҳо бо сатҳу сифати хуб баргузор карда шаванд. Дар чойхонаи он хӯрокҳои миллӣ пешниҳод карда мешаванд. Дар ин ҷо барои фароғат роҳи танобӣ, маконҳои лижаронӣ, сноуборд, конкитозӣ барои кӯдакону калонсолон ва дигар шароит фароҳам оварда шудаанд.

Меҳмонхонаи сеситорагии маҷмаа аз 54 утоқ иборат буда, дар як вақт метавонад 240 нафарро қабул намояд.

Дар раванди рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии ба қайд гирифта шуда, ба ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаи табиат мусоидат менамоянд.


Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар доираи салоҳияти худ тибқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқ гардонидани маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ мунтазам тадбир меандешад.

Даври бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то 24 феврал идома меёбад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 20, 2023 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дар мавзуи «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» форуми байналмилалӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба мавзеъҳои таърихии вилояти Хатлон бештар гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид