Соли 2023 дар ноҳияи Синои пойтахт 5 корхонаи саноатӣ бо фарогирии беш аз 15 ҳазор ҷойи нави кор таъсис меёбад

Февраль 16, 2023 18:23

ДУШАНБЕ, 16.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бунёди 5 корхонаи саноатӣ бо фарогирии беш аз 15 ҳазор ҷойи нави кор дар ҳамаи соҳаҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино иттилоъ дода шуд.

Соли сипаришуда 130 адад ё 53 фоизи корхонаҳои саноатии ҳудуди ноҳия нисбат ба соли 2021 ба маблағи 369 миллион сомонӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намудаанд.

Соли 2022 дар ҳудуди ноҳия 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 3736 хонанда, 3 муассисаи таълимии томактабӣ барои 400 ҷой, 1 бинои маъмурӣ, 4 иншооти варзишӣ ва 8 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо 179 ҷойи нави кор мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Тазаккур дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ташкилоти соҳаи сохтмон аз ҳисоби маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2023 18:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд