ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, сешанбе, 52-умин рӯзи соли 2023 аст

Февраль 21, 2023 08:00

21 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаҳои ниҳолшинонии чанд гӯшаи шаҳри Душанбе бевосита иштирок ва мардумро ба вусъат додани бунёди боғҳо ва сабзазоркунию ободонии муҳити зист ҳидоят намуданд.

***

 Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия маросими ботантанаи ифтитоҳи Маркази фарҳанги Тоҷикистон «Хайём» баргузор гардид.

 21 ФЕВРАЛ:

Рӯзи байналмилалии забони модарӣ.

***

Рӯзи байналмилалии роҳбалад.

***

Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ – Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ.

РӮЙДОДҲО:

21 феврали соли 2012  дар муҳокимаи парлумонии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон  Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» баррасӣ шуд.

***

21 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи бознигарии солонаи машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардид.

***

21 феврали соли 1995 дар Эстония Қонун «Дар бораи забон»  қабул карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1925 дар Ню-Йорк аввалин шумораи рӯзномаи адабӣ-публитсистии «Ню-Йоркер» нашр шуд.

Февраль 21, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш