Ҳукумати Перу дар робита ба зукоми паранда ҳолати фавқулодаро тамдид менамояд
ДУШАНБЕ, 27.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли гузашта то кунун дар Перу беш аз 63 ҳазор парандаи ваҳшӣ ва хонагӣ аз вируси хатарнок фавтидааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ».
25 феврал дар бадани садҳо ҳайвони баҳрӣ ин вирус ошкор карда шуд. Ҳайвоноти мурдаро дар соҳилҳои департаменти Лима дарёфт намуданд.
Вазъияти фавқулода то охири сол амал менамояд, зеро мақомот метарсанд, ки вирус метавонад дар саросари мамлакат паҳн шавад.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: «Хабар 24»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






