Ба Узбекистон – бо роуминги «ҳамсоягӣ»

Март 15, 2023 16:04

ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз айёмест, ки бештари сокинони ҷумҳуриамон ба Узбекистон сафар мекунанд. Барои муоширати муфид, осон ва зуд ҳал кардани масоили маишӣ дар хориҷа хизматрасонии «Ҳамсояҳои роумингӣ» аз оператори имконияти нави рақамӣ кумак менамояд. Пайваст кардани он хеле осон аст: бояд USSD-дархости *390*1# рақамчинӣ ва тугмаи даъват пахш карда шавад. Шароитҳоро меомӯзем!

Аз Душанбе то Тошканд – ҳамагӣ 50 дақиқа парвоз. Аммо муштарӣ вориди мамлакати дигар мешавад. Ин маънои онро дорад, ки дигар тарофаҳои роумингӣ барои алоқа фаъол мегарданд. Баҳри пешгирии хароҷоти зиёдатӣ ширкати «МегаФон Тоҷикистон» хизматрасонии «Ҳамсояҳои роумингӣ»-ро пешниҳод мекунад. Ҳангоми пайвасткунии он як дақиқаи дилхоҳ занги воридотӣ ҳамагӣ 1,5 сомонӣ арзиш дорад. Як занги содиротӣ дар дохили Узбекистон ё ба хона 3 сом/дақ. ва як дақиқаи суҳбат бо Русия 5 сомониро ташкил медиҳад. Ин назар ба нарххои стандартии «байналмилалӣ» барои алоқа чанд баробар камтар аст.

Бо хизматрасонии «Ҳамсояҳои роумингӣ» нархи интернети мобилӣ низ хеле муфидтар аст. Ин ба шумо имкон медиҳад, ки суроғаҳои заруриро дар шабака дар қаламрави Узбекистон пайдо кунед, аксҳои дар майдони машҳури Регистони Самарқанд ё назди мақбараи Темур гирифтаро ба дӯстонатон фиристед. Ё ин ки агар шумо дар хона барои супоридани ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ фурсат пайдо накарда бошед, пас метавонед ин амалро онлайн анҷом диҳед.

Якчанд бастаҳои интернетӣ барои муштариёни рақамии МегаФон бо роуминги «ҳамсоягӣ» дастрасанд. Муҳлати амали онҳо 10 рӯз аз рӯзи фаъолкунӣ мебошад. Тафсилот дар ҷадвал:

 

Номи баста Ҳаҷми трафики интернети дастрас Нарх USSD-дархост барои пайвасткунӣ

 

«Узбекистон GPRS_50» 50 Мб 13 сом Ба таври автоматӣ ҳангоми гузаштани сарҳад пайваст мешавад. Баъдан ҳар дафъа ҳангоми истифодаи 50Мб трафик аз нав пайваст мегардад

 

«Узбекистон GPRS_100» 100 Мб 20 сом *254*5#

 

«Узбекистон GPRS_200» 200 Мб 40 сом *254*6#

 

 

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ҳангоми бозгашт ба Тоҷикистон хизматрасонии «Ҳамсояҳои роумингӣ» бояд мустақилона хомӯш карда шавад! Барои ин USSD *390*2# -ро рақамчинӣ намоед.

Сафари хушу хотирмонро ба Узбекистон хоҳонем!

АКС: МегаФон Тоҷикистон

Март 15, 2023 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд