Дар Академияи идоракунии давлатӣ Иди байналмилалии Наврӯзро ҷашн гирифтанд

Март 18, 2023 19:23

ДУШАНБЕ, 18.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.

Дар чорабинӣ роҳбарияту кормандони Академия, намояндагони Агентии хизмати давлатӣ ва меҳмонон иштирок намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки Ҷашни байналмилалии Наврӯз яке аз маросими суннатии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст. Ҷашни Наврӯз таҷассумгари некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро буда, фарҳанги оламшумули мардуми тоҷикро тавассути ойинҳои худ машҳури олам гардонидааст.

Дар идома аз ҷониби роҳбарияти Академия як зумра омӯзгорону кормандони ин муассиса дар арафаи ҷашни Наврӯз бо унвони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сипосномаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷом намоиши театрӣ пешкаш гардонида шуд, ки дар ҷараёни он анъаноти миллӣ, расму ойини наврӯзӣ ва эҳсоси меҳандӯстиву ифтихор аз гузаштаи пуршарафи миллати тоҷик тараннум гардид.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 18, 2023 19:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд