Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон толору озмоишгоҳи технологияҳои компютерӣ ба истифода дода шуд

Март 24, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 24.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  озмоишгоҳи технологияҳои компютерӣ ва толори нав мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Толорҳои нав барои устодону кормандон ва донишҷӯёни  факултети механикаву математика армуғони наврӯзӣ гардид.

Гуфта мешавад, ки озмоишгоҳи мазкур дар партави «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020-2040 омода гардида, барои донишҷӯёни ихтисосҳои информатика судманд мебошад.

Толори нав ба номи профессор Муҳаммадюсуф Юнусӣ (олими шинохта, доктори илмҳои физикаю математика, профессор) гузошта шуда, барои баргузории ҳамоишҳои илмию амалӣ ва нишастҳои сатҳи байналмилалӣ мувофиқ аст. Дар толор устодону донишҷӯён, аз ҷумла шогирдони шодравон Муҳаммадюсуф Юнусӣ метавонанд тадқиқоти илмӣ анҷом диҳанд.


Озмоишгоҳи технологияҳои компютерӣ иқдоми аввалин буда, барои донишҷӯёни ихтисосҳои марбутаи факултет муҳим мебошад.

Ёдрас мешавем, ки толорҳои мазкур бо тарҳи замонавӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳазанд. Дар он донишҷӯён метавонанд бо таърихи технологияи компютерӣ то ба раванди рушди имрӯзаи он шинос шаванд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Март 24, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид