Дар Донишгоҳи омӯзгорӣ Рӯзи матбуоти тоҷикро таҷлил карданд

Март 11, 2023 13:59

ДУШАНБЕ, 11.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 март бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуда, дар он роҷеъ ба махсусияти  матбуоти замони истиқлол, ҳифзи он аз хатару таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ, роҳҳои таҳкими амнияти фазои расонаӣ ва усулҳои пешгирии таъсири ахбори муғризонаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба афкори ҷавонон, бахусус донишҷӯён ибрози назар карда шуд.

Тавре аз донишгоҳи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҳамоиш таъкид карда шуд, ки фазои расонаии замони истиқлолро дастовардҳои бунёдии роҳбарияти мамлакат мукаммал месозад. Ҳамарӯза матбуоти тоҷик барномаю репортажҳои гуногун омодаву таҳия ва пахш менамояд, ки аз фаъолияти олии ин бахши ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.

Инъикоси холисонаи симои воқеии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тарғиби сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазъи иҷтимоии мардуми диёр, ки  аз самти муҳимтарини кори матбуот ва расонаҳои замони истиқлол ба шумор меравад, мавриди арзёбӣ қарор гирифт.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Март 11, 2023 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд