Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об машварати илмӣ-амалӣ доир шуд

Март 18, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 18.03.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои обӣ ва Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Подшоҳии Нидерланд 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк баргузор мегардад, машварати илмӣ-амалии байналмилалӣ доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишкадаи мазкур хабар медиҳад.

Таъкид гардид, ки машварат дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда гардида, ҳалли проблемаи об дар дунё инсониятро аз мушкилоти рақами яки сайёра наҷот медиҳад. Дар машварати мазкур ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли проблемаи ҷаҳонии об таърихӣ  арзёбӣ гардид.

Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин ташаббуси хеш башариятро аз норасоии оби тоза ва мушкилоти ба он вобаста наҷот доданд, ки ин барои мо ифтихори бузург мебошад.

Ҳамчунин дар қисмати ифтитоҳии машварат директори котиботи байналмилалӣ оид ба об Оливер Норманд иброз намуд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти об сутуданист ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он хушҳол мебошад, чунки ҳалли масъалаи норасоии об имрӯз хеле муҳим мебошад.


Тазаккур бояд дод, ки  машварат  дар доираи нақшаи  чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 ва бо ибтикори кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Намояндагии котиботи байналмилалии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар машварат намояндагони ташкилоти байналмилалӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзаи дарёи Сир, намояндагони соҳаи маорифи вилоят ва 10 нафар хонандагони фаъоли мактаюбҳо иштирок намуданд.

Аз ҷониби ташкилкунандагони машварат оид ба сарфакорона истифода бурдани захираҳои обӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аксияҳои гуногун гузаронида шуд.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Март 18, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол дар нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 10 ҳазор ҷой зиёд ҷудо гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Мактаби байналмилалии тобистона оид ба омӯзиши криосфера ба фаъолият оғоз намуд
«БЕҲТАРИНИ ОСИЁ – 2026». Навраси тоҷик сазовори ҷоизаи байналмилалӣ шуд
Моҳи ноябр доир ба саҳми Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 140 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунад
Ташаббуси Тоҷикистон дар СММ: масъулияти байнинаслӣ ҳамчун парадигмаи нави ҳуқуқи сулҳ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфи якум давраи мутобиқшавӣ гузаронида мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 83 нафар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 187 муассисаи шакли нав фаъолият мекунад
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир мегардад
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи омӯзгории марказии Чин тақвият медиҳад