Дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 29.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. 4 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Форуми мазкур дар Китобхонаи миллӣ доир шуда, дар он нахуст имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон муаррифӣ мегарданд.
Дар Форум баррасии масъалаҳо оид ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика ва сайёҳӣ дар назар дошта шуда, инчунин имконияти ҳамкорӣ аз ҷониби бахши хусусии ду давлат муаррифӣ мегардад.
Дар доираи баргузории Форуми мазкур баимзорасонии санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат- Тоҷикистону Озарбойҷон пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин дар он баргузории мулоқоти дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар сиғаи соҳибкор бо соҳибкор (В2В) дар назар дошта шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид






