Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд барои кашфи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ детектори махсус насб карда шуд
ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 феврал дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд маросими расмии супоридани детекторҳои махсус барои кашфи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ бо мақсади муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом дар доираи татбиқи Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Тазаккур дода шуд, ки ҳадаф аз насби чунин детекторҳои махсус муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва гардиши ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ тавассути сарҳадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Насби чунин таҷҳизот дар фурудгоҳ иқдоми навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо ҳама гуна силоҳи қатли ом, пешгирӣ ва гардиши ғайриқонунии он мебошад.
Солҳои охир чунин детекторҳои кашфи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ дар гузаргоҳҳои гумрукии «Дӯстӣ» , «Панҷи поён», «Фотеҳобод», «Гулистон», «Саразм» ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе насб шудаанд. Дар доираи амалинамоии Қатъномаи 1540 насби чунин детекторҳо дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳри Кӯлоб ва Бохтар пешбинӣ шудааст.
Дар доираи лоиҳаи мазкур таъмини таҷҳизоти дастӣ ва омӯзиши кормандони Хадамоти гумрук бо мақсади пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ пешбинӣ гардидааст.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






