Дар ноҳияи Ашт кишти чигит оғоз ёфт

Март 16, 2023 18:46

ДУШАНБЕ, 16.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи Урмонтоли Ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт  маросими оғози кишти чигит бо  иштироки роҳбарон ва масъулини дахлдор доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти ноҳия хабар доданд.

Дар оғози кишти пунбадона пирони кор барои фаровон гардидани ҳосил ва тинҷиву оромии мамлакат дуои хайр карданд.

Роҳбари ноҳия ба кишоварзон дастур дод, ки зимни кишти чигит  тамоми қоидаҳои агротехникиро риоя намоянд.

Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик дар дигар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия низ кишти пунбадона оғоз гардад.

АКС: Хадамоти матбуоти ноҳияи Ашт

Март 16, 2023 18:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд