Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд кишти чигит оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 28.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд кишоварзон ба кишти чигит оғоз бахшиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Роҳбарияти вилоят ҳамроҳ бо пирони кор ва кишоварзони ноҳия дар Ҷамъияти саҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ба кишти пахта оғоз бахшида, барои истифодаи самараноки замин, сари вақт ба анҷом расонидани кишт, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва таъмини заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ ба масъулин супоришҳо дода шуд.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имсол дар майдони беш аз 8 ҳазор гектар чигит кошта мешавад.
Пахта яке аз маҳсулоти асосии содиротии давлат ба шумор рафта, сол то сол арзиши аслии маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад. Аз ин рӯ кишоварзон талош мекунанд, ки бо истеҳсоли барзиёди он дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир гузоранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






