Дастаи варзишгарони шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни калонсолон ҷойи аввалро гирифт

Март 1, 2023 17:36

ДУШАНБЕ, 01.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи варзишгарони шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни калонсолон (мардон ва занон) соҳиби ҷойи аввал гардид. Дастаи мазкур бо гирифтани 34 медал, аз ҷумла 17 медали тилло, 4 нуқра ва 13 биринҷӣ ин мақомро соҳиб шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии Мактаби махсуси захираҳои олимпии №9 хабар доданд.

Дар мусобиқаи мазкур ҷойи дуюмро дастаи варзишгарони вилояти Суғд бо гирифтани 16 медал- 3 тилло, 6 нуқра ва 7 биринҷӣ ба даст овард.

Ҷойи сеюмро дастаи варзишгарони Хатлон 2-и минтақаи Кӯлоб бо гирифтани 19 медал- 2 тилло, 7 нуқра ва 10 биринҷӣ ба даст овард.

Дар ин мусобиқа дастаи варзишгарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4 медал- 3 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст овард.

Дастаи варзишгарони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар мусобиқа 2 медали нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварда, дастаи варзишии Хатлон 2-и минтақаи Бохтар 1 медали биринҷӣ гирифт.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи обӣ»-и шаҳри Душанбе 25 феврал оғоз ёфта, то 28 феврал идома кард.

Мусобиқа бо мақсади интихоб намудани беҳтарин дастаи яккачин, беҳтарин варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ташкил гардид.

Мусобиқа бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи бокси Тоҷикистон доир карда шуда, дар он 134 варзишгари тоҷик, аз ҷумла мардону занон иштирок намуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 1, 2023 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид