ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ФАРҲАНГ. Бо талоши онҳо Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир комёб гардид

Март 20, 2023 10:29

ДУШАНБЕ, 20.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи апрели соли 2017 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру илова ворид намуданд. Тибқи он 20 март ҳамасола дар ҷумҳурӣ  Рӯзи фарҳанг бе истироҳат ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат  хабарнигори АМИТ «Ховар» бо  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода суҳбат  намуд.

 Ба андешаи Вазири фарҳанг, таҷрибаи сиёсати фарҳангии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки арзишҳои бунёдии миллиро аз таърих ва фарҳанги хеш бояд ҷуст. Аз ин рӯ, масъалаҳои тавсеаи гуногунрангии фарҳангӣ, муколамаи фарҳангӣ ва баргузории чорабиниҳои байналмилалии фарҳангӣ аз самтҳои афзалиятноки соҳаи фарҳанг буда, татбиқи амалии онҳо дарки масъулияти баланд ва худшиносиву худогоҳии миллиро тақозо менамояд.

«Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳилаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат арзёбӣ намуд. Дар ин радиф, бояд тазаккур дод, ки дар тӯли зиёда аз 31 соли давлатдории навини тоҷикон дар баробари рушду такомули дигар соҳаҳо соҳаи фарҳангу санъат низ ба дастовардҳои беназир комёб гардид»,-илова намуд ў.

Номбурда дар идомаи суҳбат иброз дошт, ки барои равнақи соҳаи фарҳанг ва мақоми арзанда касб намудани он бо мақсади беҳдошти фазои меъёрӣ — ҳуқуқии соҳа як силсила қонун ва барномаҳои давлатӣ  ба тасвиб расид, ки ба пешрафту такомули фарҳанги миллӣ такони бузург бахшид.

Дар айни замон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои театрҳои касбӣ, муассисаҳои консертӣ, мамнуъгоҳҳо, мактабҳои мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва муассисаҳои табъу нашр 7070  муассисаи фарҳангӣ фаъолият мекунад, ки аз ин шумора 6075 китобхона, 2 маҷмааи фарҳангӣ, 319 қаср, кох ва хонаҳои фарҳангӣ, 394 клуби фарҳангӣ, 46 клуби сайёр, 18 маркази фарҳангӣ – фароғатӣ, 7 филармонияи халқӣ, 87 боғи фарҳангию фароғатӣ, 22 театри халқӣ, 1 намоишгоҳи рассомӣ, 98 осорхона ва 1 бойгонии фарҳангӣ мебошад.

Соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 191 номгӯй рӯзномаву маҷалла интишор мегардид, имрӯз теъдоди онҳо ба 450 адад расидааст, ки 275- тоаш ҷамъиятиву хусусӣ мебошад. Дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ 1 оҷонсӣ фаъолият мекард, ҳоло 10 ададро ташкил медиҳад.

Мояи ифтихор аст, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд давлатҳои дигар соли 2010 тибқи қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷашни аҷдодиамон – Наврӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гашт. Инчунин таоми миллӣ- оши палав, либоси миллии «Чакан», номинатсияҳои «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» ва «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» ба Рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардиданд.

Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ имрӯз бо назардошти таъсири омилҳои манфии иқтисодиёти ҷаҳон, баҳри такмил ва дигаргунсозии мундариҷаи чорабиниҳои анъанавии фарҳангӣ мутобиқ ба талаботи имрӯза тадбир андешида, онҳоро амалӣ мегардонад. Дар партави супоришҳои Пешвои миллат тарҳи намунавии сохтори китобхонаҳои замонавӣ дар деҳот таҳия карда мешавад.

Ҳамчунин Истиқлоли давлатӣ барои рушди ҳунарҳои мардумӣ шароити мусоид фароҳам овард. Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ҳифз ва нигоҳдории мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ мунтазам ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Бо қаноатмандӣ метавон иброз намуд, ки озмунҳои «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат», ки бо ибтикори Пешвои миллат роҳандозӣ гардида истодаанд, истеъдодҳои зиёдеро дар фазои фарҳангии мамлакат кашф намуданд.

Ҳамин тариқ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бо омезиши ҷаҳонбиниҳои мухталиф тафаккури арзишманду пешрафта фазои устувори сиёсӣ ва маънавию фарҳангӣ фароҳам омадааст, ки ба муттаҳидсозии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад. Ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю талоши хирадмандонаи Пешвои миллат аҳли фарҳангу ҳунари мамлакат бо дарки амиқи масъулият тамоми неруи эҷодиву ташкилотчигии хешро баҳри рушди минбаъдаи ҳаёти фарҳангии ҷомеа, ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ, ғанӣ гардондани дунёи ботинии ҳамватанон, шинохти таърихи гузаштаву имрӯза ва таҳкими эҳсоси худшиносию ватанпарастӣ равона намуда, дар татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои созандаву бунёдгаронаи миллӣ нақши бориз мегузорад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Март 20, 2023 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ. Он падидаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва омили таҳкими рушди устувори маориф аст
Зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои санъати тасвирӣ ва дизайн тағйироти амиқ ба вуҷуд овардааст
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ВИҶДОНИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ. Андешаҳо оид ба ҳикмати ахлоқии роҳбарӣ дар ҷомеаи миллӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани ангур хатари паст шудани биноиро пешгирӣ менамояд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025» оғоз гардид
Бо пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад
Истиқлолияти давлатӣ ва рушди парламентаризми миллӣ
ДОНИШ — ПОЯИ МУҲИМТАРИНИ РУШДИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи дониш
Барои мукофотонидани ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Ба беш аз 57 ҳазор оилаи шаҳри Ваҳдат «Шоҳнома» тақдим мегардад
СОҲИБИХТИЁРӢ — АРЗИШИ БУЗУРГУ БЕБАҲО. Нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлоли давлатӣ беназир аст
ИЛМ ДАР БАЛАНДИИ ЗИЁДА АЗ 5000 МЕТР. Дар калонтарин пиряхи Тоҷикистон — Ванҷях таҳқиқоти илмӣ гузаронида шуд