Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» бо нигоҳ доштани асосу унсурҳои таърихӣ таҷдид карда мешавад

Март 6, 2023 13:50

ДУШАНБЕ, 06.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Қалъаи Хуҷанд аз нав барқарор гардида, чун мероси бузурги фарҳангиву таърихӣ ҳифз карда мешавад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, алҳол беш аз 10 ширкати сохтмонӣ бо фарогирии зиёда аз 150 нафар сохтмончиён муташаккилона дар ҷодаҳои гуногуни ин иншооти таърихию фарҳангӣ фаъолият доранд. Таъкид карда шуд, ки рӯзҳои наздик шумораи коргарон ба 300 нафар расонида мешавад. Ҳамзамон дар ҳудуди қалъа сохтмони иншооти ёрирасон  идома дорад.

Дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шуда, корҳо бо суръат идома доранд.

Ба корҳои сохтмонӣ даҳҳо нафар мутахассисону сохтмончиён, устоҳои халқӣ, ҳунармандону рассомон, ороишгарону кулолгарон ва кандакорон ҷалб гардида, қалъа бо нигоҳ доштани асосу унсурҳои таърихӣ таҷдид карда мешавад.

Қалъаи Хуҷанд таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, дар корҳои навсозии иншооти қадимӣ гурӯҳи лоиҳакашон ва мутахассисони идораҳо, олимону бостоншиносон, меъморону наққошон, сохтмончиён ва ҳунармандони халқӣ иштирок мекунанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 6, 2023 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад