«МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: МАСЪАЛАҲОИ ТАШАККУЛ ВА РУШД». Дар Душанбе ҷилдҳои 4 ва 5-и китоб муаррифӣ гардид

Март 29, 2023 14:55

ДУШАНБЕ, 29.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 март дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимону ходимони давлатӣ ва коршиносони варзидаи ватанӣ ҷилдҳои 4 ва 5-и китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.

Зимни муаррифии китобҳо иброз гардид, ки «китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» аз тарафи донишмандон ва сиёсатмадорони тоҷик таълиф гардида, таҳти назари Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Озода Раҳмон нашр гардидааст».

Нашри китоби мазкур дорои аҳамияти бузурги илмӣ ва амалӣ буда, таърихи 30-солаи ташаккул, рушд ва таҳкими як давлати соҳибистиқлолро зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаро гирифтааст. Дар таҳия ва таълифи асари мазкур 116 нафар олимону донишмандон ва мутахассисони варзидаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла 3  академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 3 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 22 ходими давлатию ҳизбӣ ва собиқадори хизмати давлатӣ, 24  доктори илм, профессор, 50 номзади илм ва дотсент, 14 нафар  устоду омӯзгори академия саҳм гузошт.

Ҷилди 1-и китоб аз 4 боб, 27 зербоб, 398 саҳифа, ҷилди 2 аз 2 боб, 24 зербоб, 430 саҳифа, ҷилди 3 аз 5 боб, 32 зербоб, 500 саҳифа, ҷилди 4 аз 5 боб, 36 зербоб, 552 саҳифа ва  ҷилди 5 аз 5 боб, 28 зербоб, 480 саҳифа иборат мебошад.


Дар китоб аз паёмҳо, суханрониҳо ва осори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 523 маротиба иқтибосҳо оварда шуда, дар маҷмуъ зиёда аз 1000 маротиба аз сарчашма ва адабиёти мухталифи илмӣ иқтибос оварда шудааст.

Ҳамзамон дар  панҷ ҷилди китоби мазкур зиёда аз 270 сурати ранга аз фаъолияти созандагӣ ва мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷой дода шудааст.

Дар маҷмуъ китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» дар 5 ҷилд бо муаллифии олимону донишмандон, пажӯҳишгарону собиқадорони хизмати давлатӣ, вакилони мардумӣ, олимони ҷавон ва кормандони касбу кори гуногун таълиф ва ба нашр расидааст.

Дар рафти ҳамоиш муаллифон тазаккур доданд, ки китоби мазкур метавонад хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хонанда ва наслҳои оянда расонад ва дар замири онҳо тафаккури давлатдорию давласозиро ташаккул диҳад.

Гуфта шуд, ки китоб дар худ таҷрибаи бойи давлатсозӣ ва бунёдкориро инъикос намудааст, ки метавонад ҳамчун дурнамо дар роҳи рушду тараққиёти ҳамаҷонибаи давлати миллии мо хизмат намояд. Гуфтан мумкин аст, ки ин китоб хотира ва оинаи таърихи даврони соҳибистиқлолии мо мебошад.

Шинос кардани насли ҷавон бо хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳадафҳои дигари таълифи китоби мазкур мебошад. Ҳамин тавр омӯзиши ҳақиқати таърихӣ ҷавонони моро аз бегонапарастӣ, инкори хидматҳои қаҳрамонони миллат, беэътиборӣ ба равандҳои пешқадами ҷомеа боз медорад ва дар тинати онҳо эҳтиром ва сипосмандиро нисбат ба ашхоси ватанхоҳу ватандӯст бедор месозад.

Бешубҳа, асари мазкур таърихи ҷомеаи Тоҷикистони даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки бо мактаби давлатдорӣ ва хирадгароии Пешвои миллат пайванди ногусастанӣ дорад.

Китоб барои хизматчиёни давлатӣ, унвонҷӯён, магистрантону донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Дар анҷоми ҳамоиш як зумра муаллифони китоб барои фаъолияти бардавому бенуқсон, дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми арзанда дар таҳияи китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» бо Ифтихорномаи Академия сарфароз гардонида шуд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 29, 2023 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд