Миқдори пластикҳо дар Уқёнуси ҷаҳонӣ ба беш аз 171 триллион пора расидааст
ДУШАНБЕ, 11.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи баҳодиҳии олимон, ҳоло дар Уқёнуси ҷаҳонӣ беш аз 171 триллион пораи пластика шино мекунад, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба BBC.
Ин пластик боиси марги моҳиҳо ва мавҷудоти зиндаи баҳрӣ гардида, ҳатто метавонад ба бадани инсон ворид шавад. Барои он ки пластик ба ягон чизи камтар зараровар табдил ёбад, чандин аср зарур аст.
Микропластик инчунин ба оби ошомиданӣ низ меафтад, ки дар натиҷа зарраҳои он дар шуш, рагҳо ва ҳатто дар дохили бачадони зан пайдо шудаанд.
Мутобиқи заминаи қонунгузории мувофиқашуда, 30% Уқёнуси ҷахонӣ берун аз обҳои ҳудудии давлатҳои алоҳида (ки аз се ду ҳиссаи масоҳати умумии онро ташкил медиҳад) ба минтақаи муҳофизатшаванда мубаддал мегардад.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд






