Намояндагони Вазорати маорифи Малайзия аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон боздид намуданд

Март 15, 2023 09:39

ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Вазорати маорифи Малайзия аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон боздид намуда, бо шароиту имконоти таҳсил дар донишгоҳ ва пойгоҳи моддию техникии ин муассисаи таълимӣ шинос гардиданд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Меҳмонон дар ҷараёни шиносоӣ бо озмоишгоҳҳои таълимӣ ва ҷараёни дарсҳо бо донишҷӯён суҳбат намуданд.

Ташрифи меҳмонон ба синфхонаи таълимии сайёҳии кӯҳӣ ба лаҳзае рост омад, ки профессори Донишгоҳи Бредаи Нидерландия Тео Ван де Лаар ба таври маҷозӣ ба донишҷӯёни  бахши  сеюми ихтисоси менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ дарс мегуфт.

Меҳмонон бо профессор Тео Ван де Лаар суҳбати маҷозӣ анҷом дода, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Малайзия низ ба профессор пешниҳод ироа намуданд.


Баъди боздид аз пойгоҳи омодасозии мутахассисон меҳмонон бо роҳбарияти донишгоҳ мулоқот анҷом доданд.

Намояндагони Вазорати маорифи Малайзия таассуроти неки хешро аз ҷараёни боздид аз шароиту имконияти таҳсил дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баён дошта, бо назардошти имконияти мавҷуда ба роҳ мондани ҳамкории судмандро бо донишгоҳҳои Малайзия мувофиқи мақсад шумориданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Март 15, 2023 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд