Намояндаи Тоҷикистон дар конференсияи ниҳоии «Ояндаи тағйирёбанда барои амнияти обӣ» дар Африқои Ҷанубӣ иштирок намуд

Март 6, 2023 14:13

ДУШАНБЕ, 06.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ конференсияи ниҳоии «Ояндаи тағйирёбанда барои амнияти обӣ» (TFWS) доир гардид, ки дар он намояндаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Яраш Пулатов дар он иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Конфронси мазкур 185 нафар иштирокчиёнро аз минтақаҳои гуногун ва гурӯҳҳои манфиатдор ҷамъ оварда, он аз тарафи Институти байналхалқии идоракунии об (IWMI), Ширкати машваратӣ оид ба тадқиқоти байналмилалии кишоварзӣ (CGIAR) ва дигар ташкилоти байналмилалӣ ташкил шудааст.

Ҳадафи асосии конференсияи мазкур амалҳо оид ба амнияти обӣ, ҷалби эътилофҳо ва «иттифоқҳои мақсаднок» — пешбурди амалҳои TFWS дар пешорӯи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи марти соли 2023 ва суръат бахшидан ба татбиқи онҳо мебошад.

Натиҷаҳои конфронс дар Ню-Йорк барои нишон додани уҳдадорӣ ба амалҳо оид ба афзалиятнокии амнияти обӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 пешкаш карда шуданд.

АКС: Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология

Март 6, 2023 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид