Наврӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 20.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 30 март дар чор боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе: ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, ноҳияи Фирдавсӣ дар Боғу фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, ноҳияи Сино дар майдони Синои пойтахт (назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ноҳияи Шоҳмансур дар Боғи Куруши Кабир (назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) бо оростани базми наврӯзӣ оғози Соли нав — Наврӯзи дилафрӯз ботантана таҷлил мегардад. Дар ин хусус дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Дар ин рӯзҳо бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки бо фарорасии фасли баҳор мардуми тоҷик омодагии худро барои таҷлили ҷашни ниёгон оғоз мекунад. Дар бештари шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимию фарҳангии мамлакат дар ин рӯзҳо барномаҳои идона пешниҳод гардида истодаанд.
Тавре аз Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, 21 март, соати 19:00 дар Муассисаи давлатии «Боғи Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барномаи бошукуҳи фарҳангӣ бо иштироки овозхонҳои мамлакат доир карда мешавад.
Дар вилояти Хатлон 21 март, соати 18:00 дар варзишгоҳи шаҳри Бохтар барномаи ботантанаи наврӯзӣ, ки иборат аз намоиши театрӣ, оҳангу суруди тоза ва саҳнаҳои омодакардаи ҳунармандони вилоят аст, пешниҳод мегардад.
21-22 март дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тантанаҳои идона ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор мегардад. Дар доираи баргузории ҷашни Наврӯз дар маркази шаҳру ноҳияҳо, гулгашт ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ ташкили сайру гашти оммавӣ, барномаҳои фарҳангии ҳунармандон, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, гузаронидани бозиҳои миллӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар назар дошта шудааст.
23 март дар Боғи фарҳангӣ ‐ фароғатии шаҳри Хоруғ барномаи идона доир мегардад. Инчунин 24 март дар варзишгоҳи марказӣ гӯштини миллӣ бо иштироки беҳтарин варзишгарони вилоят сурат мегирад.
Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик тайи даврони соҳибистиқлолӣ, орзую талош баҳри пешравиҳо бештар инъикос гардида, рамзи пирӯзии нур бар зулмот ва гармӣ ба сардӣ таҷассум ёфтааст. Шукргузорӣ аз истиқлол, давлатдории миллӣ, қадамҳои устувор дар ҷодаи бунёди давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ асоси муҳтавои барномаҳои идонаи наврӯзиро ташкил кардаанд.
Ҳамчунин дар ҳошияи тантанаҳои наврӯзӣ баргузории намоиши асарҳои рассомон, намоишгоҳи молҳои дастии ҳунармандон, аз қабили косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чӯбтарошӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 21 март, соати 02:30-и вақти маҳаллӣ фаро мерасад. Бинобар фарорасии Наврӯзи имсола 21 март, соати 04:00 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ фурӯзон шуда, маросими суманакпазӣ доир мегардад. Сипас аз ин макон корвони наврӯзӣ бо ҳузури Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон бо рӯҳияи баланди саршор аз шукргузорӣ аз сарзамини шукуфону гулфишони Тоҷикистон ба ҳар гӯшаи шаҳр равон шуда, ба сокинону меҳмонон навиди фарорасии Соли нави аҷдодиро бо нидоҳои нишотангези «Нашунидам нагӯед, Наврӯз омад! Наврӯз боз ба Ватани хеш омад!» мерасонад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид






