«НАВРӮЗИ ИСТИҚЛОЛ». Аз 21 то 27 март таҳти чунин унвон дар Сирки давлатӣ барномаи идона доир мешавад
ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 27 март дар Сирки давлатӣ бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Наврӯзи истиқлол» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сирки давлатии мамлакат иттилоъ доданд.
Дар барномаи ҷашнӣ Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор иштирок мекунанд. Барнома инчунин аз намоиши гимнастҳо, дорбозҳо, намоиш бо ҳайвонҳои ромшуда ва масхарабозон иборат буда, ба фароғати иштирокдорон равона гардидааст.
Дар барномаи имсола туҳфаҳо низ таъсис дода шудаанд. Ҳар иштирокчие, ки ба саволҳои ҳунармандон ҷавоб дода тавонад, соҳиби туҳфа мегардад.
Чиптаҳо дар хазинаи Сирки давлатӣ ҳамарӯза фурӯхта мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






