Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Девони муҳосиботи Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум дар соҳаи аудит ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 8 март дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Палатаи ҳисоб ва Девони муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум дар соҳаи аудит ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи ҳисоб хабар медиҳад.
Ёддошти тафоҳумро Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода ва Раиси Девони муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Ҳуссом Абдулмуҳсин ал- Анқарӣ ба имзо расониданд.
Доктор Ҳуссом Абдулмуҳсин ал-Анқарӣ зимни суханронии хеш иброз дошт, ки ҳамкории мутақобилан судманди ду ниҳоди олии аудит ба манфиати мамлакатҳои дӯсту бародар хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки аз 8 то 11 март ҳайати Девони муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.
АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон









САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд






