Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Чаба Короши мулоқот намуданд

Март 22, 2023 21:30

ДУШАНБЕ, 22.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид — 2023” дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Раиси иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Чаба Короши мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумиро ҳамчун ниҳоди муҳимми Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ карда, барои ҷонибдории амиқ аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти марбут ба обу иқлим изҳори сипос намуданд.

Ташкили ҳамоиши таърихии Конфронси об, ки дар асоси қатъномаи мухталифи Маҷмаи Умумии СММ бо ташаббуси Тоҷикистон қабул шуда буд, намунаи барҷастаи ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, бархӯрдҳои геосиёсӣ ва дигар хатарҳои глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, табодули андеша карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои пешбарандаи рӯзномаи обу иқлим буда, пайваста барои ташвиқу таблиғи мудирияти дуруст ва истифодаи оқилонаи ин манбаи барои инсоният ҳаётан муҳим кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои конфронс барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ва пешбурди Ҳадафи шашуми рушди устувор — “Оби тоза ва беҳдошт” мусоидат хоҳад намуд.

Дар ҳамин замина, Раиси иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдории худро аз ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба соли 2028 баргузор намудани конфронси навбатии СММ вобаста ба об дар шаҳри Душанбе, ки дар маросими ифтитоҳи Конференсияи СММ – ОБ 2023 пешниҳод карда шуд, таъкид намуд.

Сарвари Тоҷикистон ба Раиси иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид барои дар раванди он қабул гардидани қатъномаи нави Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, аз рӯи ташаббуси Тоҷикистон, миннатдории худро иброз намуданд.

Март 22, 2023 21:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд