Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои ҷумҳуриявии идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои ҷумҳуриявии идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳамватанон ва иштирокчиёни ҷамъомади тантанавии наврӯзиро ба ифтихори яке аз ҷашнҳои муқаддасу мубораки миллиамон — Наврӯз табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат хушбахтӣ, иқболи баланд ва файзу баракати наврӯзӣ орзу карданд.
Таъкид гардид, ки Наврӯз барои мардуми мо баробар бо Рӯзи истиқлоли давлатӣ бисёр азизу гиромӣ мебошад, зеро маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ мо ойину суннатҳои деринаи миллии худ, аз ҷумла Наврӯзро эҳё намудем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолро ҳамчун ҳадяи сарнавишти миллат ва Наврӯзро чун шоҳсутуни таърихи пурифтихори тоҷикон арзёбӣ карда, онҳоро пайвандгари наслҳои имрӯзу оянда номиданд.
Бояд гуфт, ки бо дарназардошти моҳият ва табиати башардӯстонаву инсонгароёнаи Наврӯз аз соли 2010 сар карда, ин ойини бостонӣ ҳамчун ҷашни байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад. Яъне бо ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз рисолат ва нақши он дар самти густариши ҳамкориву табодули фарҳангҳо, ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу субот дар миёни халқҳои олам боз ҳам тақвият пайдо намуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳама арзишҳои ҷовидонӣ ва аҳаммияти умумибашарии Наврӯз барои мо — тоҷикон дар баробари забони ширину шевои тоҷикӣ, таърих, илм ва адабиёту фарҳанги пурғановати бо ин забон таълифшуда мояи ифтихору сарфарозӣ ва беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳӣ мебошад.
Ба андешаи Сарвари давлат яке аз омилҳои муассиру тавонои пояндагии миллати мо ин мавҷудияти силсилаҷашнҳои аҷдодӣ, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон мебошанд.
Изҳори умед карда шуд, ки халқи куҳанбунёду сарбаланди мо бо ин ҷашни хуршедии худ боз ҳазорсолаҳои дигар миёни мардуми олам шуҳратёр хоҳад буд.
Чун ҷашни Наврӯзи имсола дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ доир мегардад, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми содиқонаи сокинони ватандӯсту меҳнатқарини шаҳри бостонии Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро дар таъмини рушди устувори иқтисоди мамлакат ва пешрафту ободии кишвари азизамон, таъкид намуданд.
Зимни натиҷагирӣ аз тадбирҳои ободонию созандагӣ, дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар Сарвари давлат изҳори бовар карданд, ки сокинони шарафманди вилояти Суғд дар оянда низ барои пешрафту ободонии мамлакат ва истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллиамон — 35-солагии истиқлоли давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз, сокинони ватандӯсту заҳматкаши вилояти Суғд ва ҳозиринро ба ифтихори Соли нави аҷдодӣ — ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба Тоҷикистони биҳиштосоямон сулҳу оромии ҷовидонӣ ва пешравиҳои рӯзафзун орзу карданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар макони баргузории чорабинии идонаи наврӯзӣ — варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд барномаи бошукуҳи консертӣ, ки ифодакунандаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, расму суннат ва оинҳои накуи наврӯзӣ мебошад, доир шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






